Биология, 10 синф, Ғафуров А., Абдукаримов А., Толибова Ҷ., Ишанкулов О., 2017.
Учебник по биологии для 10 класса на таджикском языке.
Китоби дарсии мазкур мувофиқи қарори рақами 187-уми Девони Вазирони Республикаи Ӯзбекистон “Дар бораи тасдиқ кардани стандарти давлатии таълими омӯзиши миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва касбу ҳунар” аз 6 апрели соли 2017, дар асоси стандарти давлатии таълими фанни биология, ки ба муносибати компетенсиявӣ нигаронда шудааст, омода гардид.
Донишомӯзи азиз! Дар синфҳои 5-9 ҳангоми омӯзиши бахшҳои биология мисли ботаника, зоология, одам ва саломатии ӯ, асосҳои ситология ва генетика бо гуногунии шаклҳои ҳаётӣ, хусусиятҳои онҳо, мафҳумҳои асосии биологӣ, назария ва қонуниятҳо шинос шудед. Дар синфи 10 донишҳои аввал омӯхтаатонро дар амал татбиқ намуда, аз дараҷаи сохти поёнии ҳаёт (зист) то ба дараҷаи сохти болоии он ба табиат ба сифати низоми яклухт муносибат кардан, мафҳумҳои биологӣ, назария ва қонуниятҳоро умумӣ кунонда, ба як низом оварданро меомӯзед.
Мазмуни мавзӯъро бо диққат хонда, супоришҳои дар он дар асоси аломатҳои шартӣ додашударо бидуни камбудӣ иҷро кардан барои дар оянда ба сифати шахс ташаккул ёфтан, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва соҳиби тафаккури биологӣ гардидани шумо замина тайёр мекунад.
![Биология, 10 синф, Ғафуров А., Абдукаримов А., Толибова Ҷ., Ишанкулов О., 2017 Биология, 10 синф, Ғафуров А., Абдукаримов А., Толибова Ҷ., Ишанкулов О., 2017](/img/knigi/biologiya/1439/143900.jpg)